Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳои манфӣ ба муборизаи ҷаҳонӣ бо маводи мухаддир


Муборизаи ҷаҳонӣ алайҳи маводи мухаддир ноком шудааст ва ҳукуматҳо бояд роҳҳо барои иҷоза додан ба истифода аз марихуана ва дигар анвоъи маводи мухаддир ҷустӯҷу кунанд. Ин матлаб дар як гузориши тозаи Кумиссиёни ҷаҳонии сиёсати маводи мухаддир омадааст, ки имрӯз нашр шуд. Дар ин гузориш омадааст, муборизаи ҷаҳони алайҳи маводи мухаддир ноком шудааст, ки паёмадҳои харобиоваре барои афрод ва ҷомеаҳо дар сартосари ҷаҳон дорад. Ба ин кумиссиён, Кофӣ Аннон дабири собиқи кулли Созмони Милал, Ҷорҷ Шултз узви собиқи ҳукумати Роналд Рейган, раиси ҷумҳури пешини Амрико ва раиси ҷумҳурони собиқи Мексика, Бразилия ва Колумбия шомиланд.
XS
SM
MD
LG