Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин "ҳамла" ба Google-ро рад кард


Мақомоти Чин иддао дар бораи даст доштани ин кишвар дар ҷосусиҳои интернетиро ғайриқобили қабул медонад.

Тавзеҳоти Ҳонг Лӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Чин як рӯз баъд аз он садо дод, ки Google гуфт, рахнагарони интернетӣ талош кардаанд номҳои рамзии корбарони Gmail-ро кашф кунанд.
Гунаҳгор донистани Чин ғайриқобили қабул аст. Дар ҳоле ки ҳукумати Чин ба компютер ва амнияти компютерӣ аҳамияти бузург қоил аст...


“Рахнагарии интернетӣ мушкили байналмилалист. Чин ҳам қурбони рахнагарӣ шудааст. Иддао дар бораи ин ки ҳукумати Чин аз рахнагариҳои интернетӣ ҳимоят мекунад, комилан бепоя аст ва ҳадафҳои махфӣ дорад”,-афзудааст Ҳонг Лӣ.

Албатта, Google ба таври мустақим ҳукумати Чинро муттаҳам накардааст, вале мегӯяд, ки ҷосусиҳои интернетӣ зоҳиран аз минтақае бо номи Ҷинон воқеъ дар вилояти шарқии Чин дар Шангдонг сарчашма гирифтааст.

Дар гузашта низ чунин вазъ мушоҳида шуда ва муносибати ширкати амрикоии Google бо мақомоти Чин ба сардӣ гароида буд. Ерик Гросс, раҳбари гурӯҳи амнияти муҳандисии Google рӯзи чаҳоршанбе, 1-уми июни соли ҷорӣ, дар блоги хусусӣ навишт, ки ин ширкати амрикоӣ дар ҳамин рӯзҳо як маъракаи интернетиро кашф кардааст, яъне рахнагарон талош доштаанд рамзи корбарони интернетиро кашф кунанд ва бар ҷараёни мукотибаи онҳо назорат баранд.

Гросс гуфт, ба эҳтимоли зиёд харобкорони интернет аз таҷрибаи маъмулии "phishing" ё “моҳигирӣ” истифода кардаанд, яъне интихобан шахсонеро ҳадаф қарор медиҳанд. Дар чунин маворид рахнагарони интернетӣ ном ва рамзи монанд ва нишонии ҳамсони сафҳаи
Кохи Сафеди Амрико мегӯяд, бовар надорад, ки мукотибаҳои интернетии онҳоро рахна карда бошанд...

интернетиро ба корбарон мефиристанд. Корбарон мукотибаи худро бо ҳамин номҳову рамзҳои фиристодаи ҷосусон идома медиҳанд ва аз ин роҳ мукотибаҳои онҳо зери назорат медарояд.

Ба гуфтаи Гросс, мақомоти расмии ҳукумати Амрико, фаъолони сиёсии Чин, мақомоти расмӣ дар чанд кишвари осиёӣ, аз ҷумла дар Куриёи Ҷанубӣ аз ин маърака осеб дидаанд. Гросс таъкид мекунад, ки системаҳои дохилии Google, ки дар иёлати Калифорния ҷойгир аст, зарар надидаанд ва дуздии интернетӣ барои худи Google мушкили амниятӣ пеш наовардааст.

Афроде интихобан қурбони рахнагарии интернетӣ шудаанд, ки ба маълумоти ҳассос дастрасӣ доранд ва чунин фаъолият на танҳо ҷинояти интернетӣ, балки ҷосусии интернетӣ низ мебошад. Ҳонг Лӣ-сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин мегӯяд, кишвараш мухолифи ҷинояти интернетист ва бар зидди он мубориза мекунад.

Вай афзуд, “гунаҳгор донистани Чин ғайриқобили қабул аст. Ҳукумати Чин ба компютер ва амнияти компютерӣ аҳамияти бузург қоил аст. Чин ба фаъолияти компютерӣ тибқи қонунҳо назорат мебарад ва аз корбарони интернет тақозо мекунад, ки ҳангоми истифода аз компютер ё интернет ба қонунҳо ва муқаррарот эҳтиром бигузоранд.”

Кохи Сафеди Амрико мегӯяд, ба гузоришҳо дар ин бора расидагӣ мекунад, вале бовар надорад, ки мукотибаҳои интернетии онҳоро рахна карда бошанд. Дафтари Федеролии Бозрасӣ ё FBI низ мегӯяд, ки пас аз ҳамла ба Google бо ин ширкат дар ин замина корро идома медиҳад.
XS
SM
MD
LG