Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанг дар мактабҳо: Хушунат ё қассос?


Ибораи "лидери синф", "лидери мактаб" тақрибан дар миёни ҳамаи толибилмони макотиби таҳсилоти умумии Тоҷикистон маъмул аст.

Ҳатто синфҳои поёнии макотиб "зӯри синф"-и ғайрирасмии худро доранд. Маъмулан сабаби ҷангу ҷанҷолҳои миёни хонандагони мактабҳо низ маҳз дарёфти унвони ғайрирасмии "лидер" унвон мешавад.

Ба дунбол "лидер"-и як мактаб барои намоиши бартарии худ аз "лидер"-и мактаби дигар муштзӯрии дастҷамъона таъсис медиҳанд, ки баъзан маврид бо ҷароҳати сангин бардоштани теъдоде аз "қаҳрамонон" анҷом мешавад.

Тақрибан панҷ соли пеш чунин ҷанҷолҳо миёни хонандагони мактабҳо хеле кам ба назар мерасид, аммо соли ҷорӣ ба қавли омӯзгорон муштзӯриҳои толибилмон дубора мӯд шуда ва ба маротиб афзудааст.

Вале ин ҷанҷоли толибилмони макотиб заминаву сабабҳои дигар низ дорад, ки дар ин навори видеоӣ бубинед.

Ҷанги мактаббачагон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:45 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG