Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WHO мегӯяд, ангезандаи Е-соli ношинос аст


Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, бактерияи кушандае, ки 18 нафарро дар Аврупо кушт, як навъи то кунун ношиноси бактерия будааст. Грегорӣ Ҳартл, сухангӯи созмон имрӯз гуфт, то кунун хуруҷи беморӣ аз ангезандаи Е-колӣ мушоҳида нашудааст.” Мутахассисони Аврупо саъй доранд, сарчашмаи бактерияи мазкурро пайдо кунанд, ки то ҳол 18 нафарро кушта ва бештар аз 1500 нафари дигарро аксаран дар Олмон бемор кард. Ҷон Даллӣ, масъули умури беҳдоштии Иттиҳодияи Аврупо дар ин бора гуфт:"Мо даст ба даст бо кишварҳои узв барои як ҳадафи муштарак, яъне ҳарчӣ зудтар хотима додан ба ин беморӣ талош дорем. Барои ҳамин мо бояд ҳар кори мумкинро анҷом диҳем, то ҳарчӣ зудтар манбаъи сироятро пайдо кунем." Айни замон Кумиссиёни Аврупо, Русияро барои манъ кардани воридоти сабзиҷот аз кишварҳои иттиҳодия интиқод кард ва ин амалкарди онро беш аз ҳад хонд. Давлати Олмон дар ибтидо гуфт, ангезандаҳои беморӣ бодирингҳои ворида аз Испониё будааст, вале баъдан гуфт, озмоишҳо ин гуфтаро собит накарданд.
XS
SM
MD
LG