Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Авруро рафтор Русияро интиқод кард


Кумиссиёни Аврупо, амалкарди Русияро "беш аз ҳад" хонд, ки аз тарси сирояти як бактерияи кушанда, воридоти сабзиҷоти Иттиҳодияи Аврупоро мамнӯъ кард. Ҷон Даллӣ, кумиссионери беҳдоштии Иттиҳодияи Аврупо базудӣ алайҳи ин қарори Русия эътирози расмӣ мефиристад. Пештар аз ин Русия аз бими сирояти бактерияи кушандаи Е колӣ, воридоти сабзиҷоти тоза аз тамоми кишварҳои Иттиҳодияи Аврупоро мамнӯъ кард. Айни ҳол мутахассисони Аврупо талош доранд, сарчашмаи бактерияи қаттоли Е колиро пайдо кунанд, ки то кунун 16 нафарро кушта ва бештар аз 1000 нафари дигарро, аксаран дар Олмон бемор кард. Ҷон Даллӣ, масъули умури беҳдоштии Иттиҳодияи Аврупо дар ин бора гуфт: “Мо даст ба даст бо кишварҳои узв барои як ҳадафи муштарак, яъне ҳарчӣ зудтар хотима додан ба ин беморӣ талош дорем. Барои ҳамин мо бояд ҳар кори мумкинро анҷом диҳем, то ҳарчӣ зудтар манбаъи сироятро пайдо кунем. “ Давлати Олмон дар ибтидо гуфт, ангезандаҳои беморӣ бодирингҳои ворида аз Испониё будааст, вале баъдан гуфт, озмоишҳо ин гуфтаро собит накарданд.
XS
SM
MD
LG