Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикоят аз шеваи муносибат ба як қирғиз дар Эрон


Ваколатдори ҳуқуқи инсони Қирғизистон мегӯяд, ҳуқуқи як шаҳрванди зиндонии ин кишвар дар Эронро поймол мекунанд. Улмас Мамадхонов, як сокини 29-солаи Ҷалолободро ду сол пеш дар фурудгоҳи шаҳри Машҳад боздошт ва сипас бо гуноҳи ҷосусӣ ба 20 соли зиндон маҳкум карданд. Турсунбек Охун, ваколатдори ҳуқуқи инсони Қирғизистон, ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, аз сарнавишти Улмас Мамадхонов чанде пеш огаҳ шудааст ва ӯ дар сӯҳбати телефонӣ гуфтааст, ки ҳеҷ гуноҳе надорад ва муҳокимааш дар додгоҳро бе ҳузури ӯ сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG