Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гугл ангушти иттиҳомро дигарбора ба сӯи Чин кард


Ширкати Гугл мегӯяд, харобкорони интернетӣ аз Чин, ба имейлҳои хусусии мақомоти баландпояи Амрико, низомиён ва хабарнигоронро ғайриқонунӣ ворид шудаанд. Вале маълум нест, ки ба имейли кадоме аз мансабдорони Амрико дастрасӣ ёфта ва кадом иттилоъи махфии онҳоро дуздидаанд. Бори дуввум аст, ки дар тӯли 17 моҳи ахир, Гугл Чинро мизбони ҳаккер ва ё харобкорони интернетие меномад, ки шабакаҳои бузурги иттилоъотии Гугл рахна мекунанд.Ҳонг Лей сухангӯи вазорати умури хориҷаи Чин имрӯз гуфт, давлати кишвар ба ин амалҳо рабте надорад: "Гунаҳкор донистани Чин ғайриқобили қабул аст. Ҳукумати Чин амнияти шабакаҳои компютерӣ ва Интернет бисёр муҳим медонад ва Интернетро бар асоси қонун назорат мекунад ва аз корбарон талаб мекунад, ки зимни истифода аз компютер ва интернет қонуну муқаррароти марбутаро риоят кунад."
XS
SM
MD
LG