Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия воридоти сабзиҷот аз Аврупоро мамнӯъ кард


Русия аз бими сирояти бактерияи кушандаи Е колӣ, аз субҳи имрӯз воридоти сабзиҷоти тоза аз тамоми кишварҳои Иттиҳодияи Аврупоро мамнӯъ кард. Геннадий Онишенко, сартабиби Хадамоти беҳдоштии Русия дар ин бора хабар дод ва гуфт, “сабзиҷоти воридшуда ба Русия аз Иттиҳодияи Аврупо”-ро ба бозор роҳ нахоҳанд дод. Айни ҳол мутахассисони Аврупо талош доранд, сарчашмаи бактерияи қаттоли Е колиро пайдо кунанд, ки то кунун 16 нафарро кушта ва бештар аз 1000 нафари дигарро, аксаран дар Олмон бемор кард. Давлати Олмон дар ибтидо гуфт, ангезандаҳои беморӣ бодирингҳои ворида аз Испониё будааст, вале баъдан гуфт, озмоишҳо ин гуфтаро собит накарданд.
XS
SM
MD
LG