Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи парвандаи куштори Сангов ба таъвиқ афтод


Сафаралӣ Сангов қабл аз даргузашташ дар бемористони Қарияи Боло
Сафаралӣ Сангов қабл аз даргузашташ дар бемористони Қарияи Боло

Мурофиаи парвандаи куштори Сафаралӣ Сангов дар додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт оғоз ёфт, аммо ба далели ҳозир нашудани айбдоркунандаи давлатӣ ин мурофиа ба рӯзи 6-уми июн мавқуф гузошта шуд.

Сулаймон Қосимов, додраси ноҳияи Сино дар ҷараёни ин мурофиа танҳо бо ному насаби айбдоршавандаҳо ошно шуда, сипас мурофиаро пӯшида эълон кард, ки наздикони Санговро ошуфта кард.

Абдураҳмон Яъқубов ва Қодир Ҳасанов, ду корманди шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар пайи таҳқиқи марги Сафаралӣ Сангов, сокини 37-солаи пойтахт боздошт шуда ва ҳоло дар курсии айбдорӣ нишастаанд.

Ин мурофиаро хабарнигорону намояндагони созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон назорат мекарданд
Дар ин мурофиа дар баробари хабарнигорон ва пайвандони Сафаралӣ Сангов, намояндаҳои Кумисюни ҳуқуқи Созмони милали муттаҳид низ ширкат доштанд ва гуфтанд, ки ҳадафи онҳо танҳо назорат ба ҷараёни мурофиа аст.

Сафаралӣ Сангов рӯзи якуми марти соли ҷорӣ дар пайи як боздошти хушунатбор бо аломатҳои лату кӯби шадид ба бемористони Қарияи Боло интиқол ёфт ва дар ҳоли беҳушӣ дар ҳамон ҷо аз дунё даргузашт.

Муҳокимаи парвандаи куштори Сангов
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:09 0:00
Линки мустақим


Ин ҳодисаи хушунатбор ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод ва параванда фавран мавриди таваҷҷӯҳи хабарнигорон ва созмонҳои байналмилалӣ қарор гирифт.

Наздикони Сафаралӣ Сангов кормандони пулисро дар куштори ӯ муттаҳам мешуморанд
Дар оғоз ходимони пулиси "Сино-1" барои худкушӣ қаламдод кардани ин ҳодиса талош карданд. Вале бинобар дахолати Додситонии кул бархӯрд ба ин ҳодиса ҷиддитар шуд ва ниҳоят парванда ба додгоҳ интиқол ёфт.

Ин бори аввал нест, ки шаҳрвандон аз шеваи бархӯрди пулис ба боздоштшудаҳо ва ё навҳаи боздоштҳои ғайриқонунии онҳо бо шумули истифода аз зӯр шикоят мекунанд.

Моҳе қабл Шерхон Салимзода, додситони кул ба Озодӣ гуфта буд, ки вақтҳои охир шикояти шаҳрвандон оид ба рафтори кормандони пулис ва шиканҷа дар боздоштгоҳҳо зиёд шудааст ва ҳатто далелҳои тасдиқшаванда ҳам дарёфт шудаанд.
XS
SM
MD
LG