Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саволи Шумо ба раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон


Асадуллоҳ Раҳмонов
Асадуллоҳ Раҳмонов

Асадуллоҳ Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, изҳори омодагӣ кард, ки ба суолҳои хонандагони торнамои “Озодӣ” посух бигӯяд.

Ҷаноби Раҳмонов ҷавонтарин мансабдори давлатӣ дар Тоҷикистон дониста мешавад, ки аз моҳи марти соли 2005 ба ин сӯ раҳбарии ин Кумитаро ба ӯҳда дорад.

Вай факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи хадамоти давлатии назди раёсати ҷумҳурии Русияро хатм кардааст. Номзади улуми сиёсист.

Фаъолияти кории худро аз Телевизони Тоҷикистон (ТВТ), ки ҳоло номи “Шабакаи аввал”-ро дорад, оғоз намуда, аз муҳаррири одӣ то вазифаи директори барномаҳои ин телевизион расидааст.

Дар тӯли шаш соли раҳбарии Асадуллоҳ Раҳмонов, телевизионҳои “Сафина”, “Ҷаҳоннамо”, “Баҳористон” , телевизиони мустақили “Симои мустақили Тоҷикистон” ва радиоҳои “Имрӯз”-у “Ховар” ҳаққи фаъолиятро дарёфт кардаанд.

Илова ба ин, номи Асадуллоҳ Раҳмонов дар робита ба роҳандозии телевизиони се кишвари форсизабон – “Наврӯз” борҳо вирди забонҳо омадааст.
XS
SM
MD
LG