Пайвандҳои дастрасӣ

Беларус аз Сандуқи байнулмилалии пул 8 миллиард доллар кӯмак хост, то бар бӯҳрони афзояндаи молиявияш пирӯз гардад.

Ин бузургтарин бӯҳрон дар 17 соли раҳбарии президент Аляксандр Лукашенка аст ва дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки ҳукумати ӯ зимни саркӯби мухолифони сиёсияш таҳти фишори Ғарб қарор дошта, ҳамзамон бо ҳамраймони пешинаш Русия низ равобити печидае ба бор овардааст.

Сарвазири Беларус, Михаил Мясникович, гуфт, кишвараш умедвор аст, Сандуқи байнулмилалии пул ба он дар 5 соли оянда чизе миёни сеюним то 8 миллиард доллар ихтисос хоҳад дод.

Намояндаи Сандуқи байнулмилалии пул дар Вошингтон ин дархости расмиро тасдиқ кард ва гуфт, бино ба пешниҳоди ҳукумати Беларус, як ҳайати созмони байнулмилалӣ аз 1-ум то 13-уми июн ба Минск сафар ва авзоъро баррасӣ мекунад. Тасмими Сандуқи байнулмилалии пул ба натиҷаҳои сафари ин ҳайат бастагӣ хоҳад дошт.

Ин ниҳоди ҷаҳонии молиявӣ аз соли 2009 то 2010 ба Беларус 3,5 миллиард доллар вом додааст.

Дар ҳамин ҳол Ҷомеаи ҳамкориҳои Авруосиё, ки ба он Русия, Беларус, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон шомиланд, гуфтааст, мехоҳад, ба Беларус 3 миллиард доллар кӯмак фиристад.

Аммо дархости Беларус аз Сандуқи байнулмилалии пул дар даврае иттифоқ меафтад, ки президент Лукашенка барои саркӯб кардани эътирозҳои пасоинтихобобтӣ дар моҳи декабри соли гузашта бо муҳосираи маънавӣ ва таҳримҳои байнулмилалӣ рӯбарӯст. Ва натиҷаҳои интихобот низ баҳсбарангез дониста мешаванд.

Бӯҳрони Беларус замоне сар зад, ки Русия нархи энержиро барои Беларус боло бурд, ки афзоиши ҳамаи қиматҳоро ба дунбол дошт ва ҳамзамон сармояи бузурге ба маъракаи густардаи интихоботӣ сарф шуд. Вокунишҳои монетарии Беларус сабаби фурӯпошии қурби пули миллӣ гашт.

Дар байни се моҳ қурби пули миллии Беларус ду дафъа коҳиш дода шуд ва шаҳрвандони ин кишвари пасошӯравӣ бо ҳарос пули худро ба доллару евро иваз ва ҳама гуна ғизоро аз фурӯшгоҳҳо харидорӣ карданд.

Акнун Минск дар ҳоле аз СБП мадад мехоҳад, ки Русия аз додани қарзи мустақим ба он худдорӣ кард ва фурӯши дороиҳои ин кишварро талаб намуд. Зоҳиран, Беларус дар байни чанд мушкил “тахтабанд” мондааст.

Аз иқтисодшиноси тоҷики муқими Маскав, Ҳокимшоҳи Муҳаббат мепурсем, чаро Беларус ба ин варта афтод, дар ҳоле ки солҳо ба ин сӯ гуфта мешуд, иқтисоди он дар ҳоли рушд аст?

Ҳокимшоҳи Муҳаббат: “Дарвоқеъ, ҳамагӣ чанд сол пеш касе тахмин зада наметавонист, ки Беларус ба чунин варта меафтад. Бояд гуфт, иқтисоди ин кишвар тавлидгаро буд ва саноати қавие дошт, ки аз Иттиҳоди Шӯравӣ, аз замони “тақсими кор” дар шӯравӣ мерос гирифта буд. Ба фикри ман, интихоботи моҳи декабр яке аз сабабҳо буд. Аляксандр Лукашенка аз нав номзадии худро гузошт ва ғалаба кард, аммо Русия, кишварҳои Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида ин интихоботро ношаффоф ва ғайриодилона мешуморанд. Пас аз интихобот ҳамла ба мухолифон пурзӯр шуд. Аз сӯи дигар иқтисоди Беларус бо Русия хеле тавъам буд, хеле ба он такия мекард. Савум, ҳар гуна иттилоъ бозори дохилии Беларусро такон дод ва дар натиҷа қурби пули миллии он шикаст хӯрд ва ҳукумати Беларус маҷбур гашт пули миллии худро беқадр кунад.”

Пурсиш: Таъсири “ҷанги ширӣ” бо Русия ва сипас, афзоиши нархи газу нафти Русия барои Беларус то куҷо ҷиддӣ буд?

Ҳокимшоҳи Муҳаббат: “Таъсири афзоиши нархи газ бевосита ва хеле ҷиддӣ буд. Тасаввур кунед, иқтисоди Беларус бар пояи ҳамкорӣ, ҳамбастагӣ ва ҳамгироии он бо Русия қарор дошт. На як солу ду сол, балки дарозмуддат. Ва вақте ки қимати гази Русия барои Беларус боло рафт, ин иқтисод вазни гаронин чунин иқдомро бардошта натавонист. Аз ин лиҳоз, ба фикри ман, ин як бӯҳрони сохта ва сунъист зидди сиёсатҳои президенти ин кишвар Лукашенка.”

Пурсиш: Ба назари Шумо чунин бӯҳронро мешавад ба таври сунъӣ роҳандозӣ кард, ба вуҷуд овард?

Ҳокимшоҳи Муҳаббат: “Чаро не? Ҷаҳони имрӯза аз бахшҳои ба ҳам вобаста иборат аст ва чунин бӯҳронро дар ҳолати зарурӣ як ё чанд кишвар метавонанд, созмон диҳанд. Ақидае ҳам вуҷуд дорад, ки ошӯбҳои имрӯза дар шимоли Африқо ва Ховари Миёна қисман ба таъсири қудратҳои беруна низ рабт доштааст. Албатта, намешавад гуфт, таъсири онҳо сабаби асосист, аммо яке аз сабабҳои асосӣ буда метавонад.”

Пурсиш: Ба назари Шумо афзоиши боҷи гумрукии фуровардаҳои нафтии Русия, ҳарчанд зоҳиран аз мушкили дохилӣ сар задааст, чунин таъсир ба иқтисодиёти Тоҷикистонро дошта метавонад?

Ҳокимшоҳи Муҳаббат: “Сиёсати байнулмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мехоҳад, дар як вақт ҳам бо Амрико равобити хуб дошта бошад ва ҳам бо Чин ва Русия, шояд ба доираҳои муайяне дар Русия созгор нест ва боло бурдани пардохти гумрукии бензинро ҳам мешавад як иҳроми фишор ба иқтисодиёти Тоҷикистон номид. Шубҳаовар аст, ки чаро барои Қирғизистон чунин андоз вуҷуд надорад, аммо барои Тоҷикистон дорад ва вақтҳои охир болотар рафтаву мумкин боз аз ин ҳам бештар шавад. Аз ин лиҳоз барои як иқтисодиёти заъифе мисли иқтисодиёти Тоҷикистон ва он ҳам дар ҳоле ки қариб 90 дарсади маводи сӯхти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон ворид мешавад, чунин андоз метавонад, мисли зарбаи шадиде бошад ва бахше аз иқтисодро фалаҷ кунад.”
XS
SM
MD
LG