Пайвандҳои дастрасӣ

Эътимод ба сарвазири Ҷопон зери суол рафтааст


Сарвазири Ҷопон Наото Кан бо мухолифати зиёди сиёсӣ рӯбарӯ гаштааст, ки мумкин аст, масъалаи раъйи эътимод ба ӯ дар порлумон баррасӣ шавад. Ҳизби мухолифи либерал-демократ ва шарики он “Комейтои Нав” ва ҳамчунин ҳизби муҳофизакори “Бомдоди Ҷопон” муштаракан аз палатаи поёнии порлумон хостаанд, чунин раъйгирӣ ба вуқӯъ пайвандад. Дафъатан баъд аз ин талаби мухолифон се ноиби вазир ва ду дабири порлумонӣ истеъфои худро эълом доштанд. Мухолифон ҳукумати Канро муттаҳам мекунанд, ки дар вокуниш ба заминларзаи 9қбаллӣ ва сунамии 11-уми март, ки ба бӯҳрони ҳастаӣ дар нерӯгоҳи Фукушимо сабаб гашт, заъфу кундӣ нишон додааст.
XS
SM
MD
LG