Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии "роҳнамо"-и ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Покистон


Тоҷикистон ва Покистон роҳнамои ҳамкориҳои ояндаи иқтисодӣ ва тиҷоратии худро муайян намуданд. Раҳбари ҳайати 100-нафараи тоҷирон ва соҳибкорони покистонӣ, ки аз Тоҷикистон дидан мекунад, Мудири иҷроии департаменти рушди тиҷоратии Покистон, Тариқ Иқбол Пурӣ, ин тарҳро, мавсум ба “Харитаи роҳ” ба сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ва дигар раҳбарони кишвар пешниҳод кард. Барномаи мазкур сармоягузориҳои муштарак дар ҳавонавардӣ, энержӣ, кишоварзӣ ва бонкдориро дар бар мегирад, Ҳамчунин қарор аст, долони нақлиётии Тоҷикистону Покистон ба равобити тиҷоратии байни Аврупо ва Осиё муосадат кунад.
XS
SM
MD
LG