Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

СММ дар бораи ҷиноятҳои ҳарбии Қаззофӣ ва мухолифони ӯ


Кумиссюни вижаи Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал гузориш додааст, ки ҳарду тарафи низои Либия, ҳам нерӯҳои вафодор ба раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ ва ҳам шӯришиёни мухолифи онҳо масъули ҷиноятҳои ҳарбиянд. Ин кумиссюн, ки дар моҳи феврал, пас аз ҳамлаи ҳарбиёни Қаззофӣ ба шаҳрвандони осоишта таъсис ёфтааст, мегӯяд, ҳарчанд хабарҳои марбут ба нерӯҳои мухолиф камтаранд, нишон медиҳанд, ки онҳо низ дар ҷиноятҳои зидди башарият даст доранд. Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал ин гузориши кумиссюнро рӯзи 6-уми июн баррасӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG