Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Сурия садҳо маҳбуси сиёсӣ ба озодӣ баромаданд


Ҳомиёни ҳуқуқи инсони Сурия гуфтанд, ҳукумат садҳо нафар аз маҳбусони сиёсиро рӯзи чаҳоршанбе, як рӯз пас аз эълони афви умумӣ озод кард. Дар ин байн онҳое низ аз маҳбас баромаданд, ки дар тазоҳуроти зиддидавлатии ахир ширкат кардаанд. Ҳамчунин аъзои созмони “Ихвон-ал-мусилимин” низ озод шуданд. Ин дар ҳолест, ки бино ба қонуни соли 1982-и Сурия, узвият дар ин созмон бо ҳукми қатл муҷозот мешуд. Дар ҳоле ки дар саркӯби ошӯбҳои мардумӣ аз нимаҳои моҳи март то ҳоло дар Сурия 1100 нафар кушта шудаанд, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон мегӯяд, ҳукумати Сурия бо ин рафтор рӯз то рӯз мавқеи худро аз даст медиҳад.
XS
SM
MD
LG