Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Клинтон аз ҳокимони ҳарбии Миср


Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон аз хабарҳои фишор ба матбуот ва фаъолони ҳуқуқи башар дар Миср изҳори нигаронӣ кард. Вай аз ҳокимони ҳарбии Миср, ки барои давраи то интихобот ба кишвар раҳбарӣ мекунанд, хост, ваъдаи худро дар бобати мурооти ҳуқуқи инсон ва ҳимоят аз озодии баёну мардумсолориро ба иҷро расонанд. Рӯзи душанбе яке аз фаъолони саршиноси Миср шикоят кард, ки барои танқиди раҳбарони ҳарбӣ ба додгоҳ даъват шуда, ҳадафи бозпурсии таҳдидомез қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG