Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи Вена 3 зодаи Чеченистонро ба куштор айбдор кард


Ҳайати мунсифаи додгоҳи Вена се зодаи Чеченистонро ба ширкат дар қатли як паноҳандаи чечен дар Австрия айбдор кард. Додгоҳ Отто Калтенбрунерро ба ҳабси абад, Сулаймон Дадаевро ба 19 ва Турпалалӣ Эшеркаевро ба 16 соли зиндон маҳкум намуд. Ин се тан паноҳҷӯи чечен Умар Исроиловро, ки нақша дошт, режими маскавгароии Рамзан Қодировро ба шиканҷа муттаҳам кунад, ба ҳалокат расонданд. Қодиров ҳама гуна пайванд ба ин воқеаро рад кардааст. Бо ин ҳол шахсе, ки ба Исроилов тир задааст, ҳамоно боздошт нашудааст.
XS
SM
MD
LG