Пайвандҳои дастрасӣ

Блаттер аз нав раиси ФИФА интихоб шуд


Бо вуҷуди даъватҳо ба таъвиқ, интихобот дар Федерасиюни байнулмиллии футбол, ФИФА, баргузор шуд ва номзади ягона Сепп Блаттер аз нав раиси ин ниҳоди ҷаҳонӣ гашт. 186 вакили анҷумани ФИФА аз 203 ба тарафдории ин шахс раъй доданд. Интихобот дар авҷи бӯҳрони марбут ба ришвату фасод дар Федерасюни байнулмиллии футбол ва қатъи фаъолияти ду муовину чандин мақоми аршади ин созмон ҷараён гирифт.
XS
SM
MD
LG