Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

То ҳол муфаттишон сарчашмаи заҳролудшавии мардумро, ки ҳаёти камаш 16 нафарро аз байн бурдааст, пайдо накардаанд.

Дар ҳамин ҳол баъзе кишварҳои аврупоӣ бо манъи воридоти сабзавот ба баҳсҳои тезутунди дипломатӣ дар саросари Аврупо замина гузоштаанд.

1400 СИРОЯТШУДАИ "E.COLI" ДАР АВРУПО

Муфаттишони аврупоии бехатарии ғизо, то ҳол сарчашмаи заҳролудшавии мардум бо вируси ба истилоҳ "E. Coli"-ро, ки зоҳиран тавассути сабзавот сироят мекунад, таҳқиқ доранд. Заҳролудшавии мардум дар миёнаҳои моҳи май оғоз ёфта, то ибтидои моҳи июн ҳаёти 15 сокини Олмон ва як зани шведиро, ки аз Олмон баргашта буд, аз байн бурдааст.


Ангезаи "E. coli" , ки одатан дар низоми ҳозимаи инсон ва ё ҳайвон ба сар мебарад, борҳо сабабгори заҳролудшавии мардум дар гӯшаҳои мухталифи олам гардидааст. Дар ҳолатҳои зиёд заҳролудшавӣ бо "E. coli" бо дарунрав ё бемориҳои дигари шикам хотима меёбад, ки ба ҳаёти инсон таҳдиде надоранд. Аммо як навъи хоси ин ангеза, ки бо номи илмии "EHEC 0104" маъруф мебошад, фавқулодда заҳрнок аст.

Ин навъи ангезаи "E.coli" мардуми мубталоро гирифтори дарунрави хунин намуда, дар баъзе ҳолатҳо ҳатто ба гурда исобат мекунад. Феълан ангезаи "E. coli" дар тани беш аз 1400 сокини Олмон, Шветсия, Австрия, Британия, Ҷумҳурии Чех, Дания, Фаронса, Ҳолланд, Норвегия, Испания ва Швейтсария ташхис шудааст. Аксари онҳо моҳи гузашта ба Олмон сафар карда буданд.

ДАР ҶУСТУҶӮИ САРГАҲИ "E.COLI"

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, 86% мардуми гирифтор афроди ба балоғат расида ҳастанд, ки аз се ду ҳиссаи онҳоро занон ташкил медиҳанд. Аз байн ҳаёти тахминан 400 нафари онҳо бо таҳдид мувоҷеҳ аст. Вазири кишоварзии Олмон Айлс Айгнер мегӯяд, муҳаққиқон бидуни таваққуф саъй доранд, сарчашмаи сирояти "E. Coli"-ро пайдо кунанд.


Мақомоти Олмон ба сокинони ин кишвар машварат додаанд, ки аз истеъмоли бодиринг, помидор ва коҳу худдорӣ варзанд. Дар ибтидо Олмон ишора карда буд, ки заҳролудшавӣ баъди истеъмоли бодиринги истеҳсоли Испания оғоз ёфт, вале баъдан Олмон эътироф кард, ки иттиҳомашро бо далел собит карда наметавонад.

Мақомоти беҳдоштии шаҳри Ҳамбург иброз доштанд, ки ду дона бодиринги заҳролуди испаниявиро ташхис намудаанд, вале ангезае, ки дар ин бодирингҳо будааст, ба ангезаи одамкуш иртиботе надорад.

200 МИЛЛИОН ЕВРО ЗИЁНИ ИСПАНИЯ ДАР ЯК ҲАФТА

Мақомоти Испания мегӯянд, ин масъалаи умумиаврупоӣ буда, аксуламал бояд дастаҷамъӣ бошад. Ба қавли мақомоти испониёӣ, ин кишвар ҳар ҳафта камаш 200 миллион евро зарар мебинад, зеро кишварҳои аврупоӣ аз харидории маҳсулоти кишоварзии онҳо даст кашидаанд.

Хуан Мануел Месадо, дабири фаннии Иттиҳодияи кишоварзони вилояти Каталонияи Испания мегӯяд, нигаронии харидорон ба соҳаи кишоварзии Испания зарбаи бузурге хоҳад расонд: “Ин дар аввал ба содироти бодиринг зарба мезанад, вале бовар дорам ба зудӣ ба содироти меваи тобистона низ таъсир гузошта, соҳаи тавлиди меваи Испанияро дар вазъи ногувор қарор медиҳад.”


Испания ва Ҳолланд талаб кардаанд, ки хисороти онҳо ҷуброн шавад. Ҳатто кишоварзони олмонӣ низ шикоят доранд, ки харидорон ба моли онҳо бо шубҳа назар мекунанду фурӯш коҳиш ёфтааст. Аммо сарфи назар аз ин тақозоҳо, баъзе кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ва Русия воридоти сабзавоти Испанияро манъ кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG