Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гӯшаҳои торики қатли генерал Довуд


A
A

Ёрони генерал Муҳаммад Довуд Довуд, фармондеҳи нерӯҳои пулис дар шимоли Афғонистон, дар қатли ӯ аз хадамоти ҷосусии Покистон гумонбар шуданд.

Рӯзи сешанбе дар як маросими фотеҳахонӣ барои Муҳаммад Довуд, Муҳаммад Юнус Қонунӣ, раиси пешин ва узви Вулуси Ҷиргаи Афғонистон гуфт, қатли Муҳаммад Довуд Довуд ва Шоҳҷаҳон Нурӣ, фармондеҳи нерӯҳои амниятии вилояти Тахор, ҳалқае дар занҷири бузургтарин қатли чеҳраҳои шинохтаи шимоли Афғонистон аст: “Касоне ба шаҳодат
Юнус Қонунӣ

расонда мешаванд, ки салиқаи хоси фикрӣ доранд, ё муҷоҳиданд, ё муқовиманд ва дар ҳарду бистари боифтихори Афғонистон рӯҳияи зиддитаҷовуз, зидди Ай Эс Ай, Хадамоти Ҷосусии Покистон ва зидди Покистон доранд. Пас суоли асосӣ ба ин шакл матраҳ мешавад, ки оё ин дасти ҷинояткори Толибон аст, ки инҳоро аз мо гирифтанд ва ё дастҳои пушти пардаи дигаре низ дар кор ҳаст, то ин ситораҳои мунтахабро аз чамани ҷиҳоди Афғонистон бигиранд.”

Муҳаммад Юнус Қонунӣ, ҳамчунин гуфтааст, шояд маршал Муҳаммад Қасим Фаҳим, доктор Абдулло Абдулло ва худи вай ҳадафи оянда бошанд.

ГЕНЕРАЛ ДОВУД- ЁРИ СИПАҲСОЛОР МАСЪУД

Муҳаммад Довуд, яке аз ёрони наздики Аҳмадшоҳ Масъуд, фармондеҳи маъруфи нерӯҳои Ҷабҳаи Шимол дар Афғонистон буд, ки қабл аз ҳамлаҳои терористии 11-уми сентябр ба Амрико аз тарафи ду маргталаб кушта шуд.

Доктор Абдулло, яке дигар аз ҳамроҳони Аҳмадшоҳ Масъуд ва вазири умури хориҷии пешини Афғонистон мегӯяд, ба Муҳаммад Довуд дар гузашта таҳдидҳое сурат гирифта буд: “Иттилоъоте ба ӯ расида буд, аз манобеъи мухталиф ва
Доктор Абдуллоҳи Абдулло

аз тариқи қувваҳои байналмилалӣ ва дар ин маврид иттилооте вуҷуд дошт. Дар ин ҳам шакке набуд, чунки душманҳои Афғонистон нахобидаанд ва мутаассифона ин давлати Афғонистон аст, ки дар хоб аст. Табъан ин ҳодисае, ки дар вилояти Тахор сурат гирифт, масъалаест, ки дар ҷойи худ бояд мавриди таҳқиқ қарор бигирад ва ҳарчӣ дасти пӯшидаву ошкоре, ки дар ин ҳаст, возеҳ шавад, то мардуми Афғонистон бидонанд, ки масъала танҳо масъалаи генерал Довуд набуд ва ҳамроҳаш Мавлоно Шоҳҷаҳон Нурӣ, фармондеҳи амнияти Тахор буд. Қабл аз ӯ ҳаводиси дигаре сурат гирифта буд, ки ҳамаш мардуме ҳастанд, ки ба як силсила тааллуқ доранд ва намояндагӣ аз як ормони поки миллӣ мекунанд, ки мутаасифона яке пушти дигар мавриди ҳамла қарор мегиранд. “

ОШКОРШАВИИ ТАРҲИ СӮИҚАСДҲО


Луфтулло Машъал, сухангӯи раёсати умумии амнияти миллӣ низ рӯзи чаҳоршанбе дар як нишасти хабарӣ гуфт, тарҳи сӯиқасд ба ҷони дигар аз афроди муҳими Афғонистон аз ҷумла яке дигар аз раҳбарони Ҷабҳаи Шимол ошкор ва хунсо шудааст: “Болои манзили маршал Муҳаммад Қасими Фаҳим, тарҳи ҳамла буд, ки хушбахтона тавассути нерӯҳои амнияти миллӣ кашфу хунсо шуд. Чанде баъд болои устод Саёф, раҳбари ҷиҳодӣ ва Вулуси Ҷирга низ,
Лутфуллоҳи Машъал, сухангӯи раёсати амнияти миллии Афғонистон

ки ҳам дар манзилаш, дар масири роҳаш ва ё дар дафтараш ӯро террор бикунанд, ки хушбахтона ин план ва ин дасиса ҳам хунсо шуд. “

Худи Муҳаммад Қасим Фаҳим, муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон дар қатли Муҳаммад Довуд, Толибонро муттаҳам кард ва гуфт, онҳо бо қатли сарони муҷоҳиддин дар Афғонистон ҳаргиз ба пирӯзӣ даст нахоҳанд ёфт.

АНГУШТИ ИТТИҲОМ БА СӮИ ПОКИСТОН

Воҳид Умар, сухангӯи раиси ҷумҳури Афғонистон низ ҳамлаву бомбгузориҳоро кори дасти омилони хориҷӣ хонд ва ғайримустақим ба Покистон ишора кард: “Ҳамалоти интиқомҷӯёна алайҳи мардуми Афғонистон аз хориҷ аз Афғонистон раҳбарӣ мешавад, дар хориҷ аз Афғонистон тарҳрезӣ мешавад, мардуми Афғонистон заҷри бисёр диданд ва ҳодисоти занҷираии 6 моҳи ахир нишон медиҳад, ки мардуми Афғонистон ба хотири адами таваҷҷӯҳи дӯстони мо ба паноҳгоҳи терроризм, як
Ваҳид Умар, сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон

қимати бузургеро мепардозанд. “

Лутфулло Машъал сухангӯи раёсати амнияти миллии Афғонистон гуфт, шуморе аз тарроҳони амалиёти террористие, ки аз сӯи онҳо боздошт шудаанд, эътироф кардаанд, ки ба гурӯҳи Сироҷуддини Ҳаққонӣ, ки (парвардаи Хадамоти Ҷосусии Покистон хонда мешавад) ва дигар гурӯҳҳои террористӣ иртибот дошта ва дар Покистон омӯзиш дидаанд.

Ва паймони НАТО ҳам гуфт, дар иртибот ба қатли генерал Довуд Довуд, як узви Ҳаракати Исломии Узбакистонро боздошт кардаанд, ки бо раҳбарони созмон дар Покистон иртибот гирифта ва доир ба хисороти ворида дар бомбгузорӣ дар Тахор ба онҳо гузориш додааст. Мақомоти Покистон ин гузоришҳоро то кунун шарҳ надодаанд.
XS
SM
MD
LG