Пайвандҳои дастрасӣ

ФИФА пешниҳоди Инглистонро рад кард


Зепп Блаттер

Зепп Блаттер

Анҷумани 61-уми ФИФА дар Тсюрихи Швейтсария имрӯз пешниҳоди Инглистон ҷиҳати ба таъхир гузоштани интихоботи раиси ин Иттиҳодияи футболи ҷаҳониро напазируфт. Сепп Блаттер, ба ин тартиб, дар ин анҷуман дар як интихоботи бидуни рақобат зоҳиран барои бори чорум раиси ФИФА интихоб хоҳад шуд. Раъйгирии имрӯза дар Тсюрих дар пасманзари сарусадоҳоест, ки пиромуни вуҷуди фасод дар ФИФА бархостааст. Танҳо рақиби Блаттер Муҳаммад Бин Ҳаммом дар пайи муттаҳам шуданаш ба фасод аз мубориза даст кашид. Чанд спонсори асосии ФИФА, аз ҷумла Coca-Cola ва Adidas, аз латма дидани обрӯи ин созмон дар пасманзари ин ҷанҷолҳо изҳори нигаронӣ кардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG