Пайвандҳои дастрасӣ

Ташхиси ҳуввияти қурбонии дуввуми таркиши Остона


Бар асари таркиш шишаҳои манзилҳои атроф низ фурӯ рехта буд

Бар асари таркиш шишаҳои манзилҳои атроф низ фурӯ рехта буд

Ҳуввияти кушташудаи дуввум бар асари инфиҷори ҳафтаи гузашта дар ҳошияи боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон дар Остона мушаххас шудааст. Сухангӯи вазорати дохилаи Қазоқистон гуфт, ин нафар сокини 34-солаи вилояти Павлодар будааст. Аммо Қаламқош Темурова аз ифшои исми ӯ ба далели идома тафтиши қазия худдорӣ кард. Ӯ гуфт, ин нафар 4 дафъа маҳкум ба зиндон шуда буд. Бар асари таркиши субҳи 24 май дар Остона 2 нафар кушта шуданд. Нафари аввал, ба гуфтаи мақомот, Дмитрий Келплер аз шаҳри Экибастуз будааст.
Ин таркиш ба дунболи таркиши маргталабонаи рӯзи 17 май дар Оқтеппа буд, ки худи маргталабро кушта ба ҷо гузошт.
XS
SM
MD
LG