Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни таркишҳо дар амбори аслиҳа дар Бошқирдистон


Таркишҳо дар як амбори аслиҳа дар Бошқирдистони Русия, ки як ҳафта пеш бар асари сӯхтор шурӯъ шуд, билохира имрӯз фурӯ нишонда шуд. Ба дунбол, ҳудуди 7000 сокини рустои Урмани ноҳияи Иглино имкони бозгашт ба манзилҳои худро пайдо карданд. Таркишҳо дар амбори аслиҳа дар ин минтақаи воқеъ дар шимолушарқи Уфа, пойтахти Бошқирдистон аз 26 май ба ин сӯ идома дошт. Бар асари ин офат 12 нафар ҷароҳат бардошта, 116 нафар бесарпаноҳ монданд.
XS
SM
MD
LG