Пайвандҳои дастрасӣ

Минск аз СБП то 8 миллиард доллар қарз мепурсад


Сарвазири Беларус Михаил Мясникович

Сарвазири Беларус Михаил Мясникович

Беларус барои муқобила ба буҳрон аз Сандуқи байналмилалии пул(СБП) дархости кумак кардааст. Сарвазири Беларус Михаил Мясникович гуфтааст, Минск аз ин ниҳод барои аз 3 то 5 сол аз 3,5 то 8 миллиард доллар умеди кумак дорад. Сандуқи пул аммо ҳанӯз ташреҳе дар ин бора надодааст. Иқтисоддонҳо мегӯянд, Беларус дар пайи боло рафтани молиёти маводи сӯхти Русия ва ҳам афзоиши масрафот дар пешорӯи интихоботи моҳи декабри раёсати ин ҷумҳурӣ ба буҳрони молӣ мувоҷеҳ шуд. Маскав дар моҳи май дархости Беларус барои 1 миллиард доллар қарзро радд кард. СБП дар солҳои 2009-2010 низ ба Беларус 3,5 миллиард доллар қарз дода буд.
XS
SM
MD
LG