Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати беш аз 40 тан дар даргириҳои Санъо


Мақомоти тиббӣ мегӯянд, дар ҷараёни задухӯрдҳои шаби гузашта дар хиёбонҳои Санъо, пойтахти ин кишвар, беш аз 40 тани дигар ҷон бохтаанд. Бино ба хабарҳо, даргириҳо дар кӯчаҳои Санъо ҳанӯз идома дорад. Рӯёрӯӣ байни нирӯҳои содиқ ба раҳбари як қабила ва нирӯҳои давлатии Яман дирӯз, баъд аз 4 рӯзи оташбас, дигарбора буруз кард.
Ин дар ҳолест, ки нирӯҳои амниятӣ дирӯз 7 эътирозгарро дар Таиз куштанд. Эътирозҳо бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, ки 32 сол боз бар Яман ҳукумат меронад, аз поёни моҳи январ ба ин сӯ идома доранд.
XS
SM
MD
LG