Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамдиди амалиёти НАТО дар Либия то 90 рӯзи дигар


Расмуссен
Расмуссен
НАТО расман замони амалиёташ дар Либияро то 90 рӯзи дигар тамдид кард. Ин паймони низомӣ аз 31 март раҳбарии амалиёти Либияро бар дӯш гирифт. Ҳадаф аз ин амалиёти таҳти мандати СММ эъмоли минтақаи мамнӯъ барои парвоз дар ҳарими ҳавоии Либия ва ҳимояти мардуми мулкӣ аз ҳамалоти нирӯҳои содиқ ба Муаммар Қаззофист. Дабири кулли НАТО Андерс фоғ Расмуссен тасмими имрӯзаро баёнгари азми қотеъи ин паймон барои анҷоми маъмурияташ дар Либия номид.
XS
SM
MD
LG