Пайвандҳои дастрасӣ

Намоишгоҳи осори таърихиву фарҳангии тоҷикон дар Питер


Тақрибан як моҳ аз 7-ӯми июн то 6-ӯми июл дар Маркази ҷомеаи ҷуғрофиёи Санкт Петербург намоишгоҳи осори таърихиву фарҳангии тоҷикон баргузор мешавад. Ин намоишгоҳро музеи таъриху бостоншиносии ба номи Пётри Кабир ва ҷамъияти ҷавонону донишҷӯёни Тоҷикистон дар Санкт Петербург ташкил кардаанд. Ҳадафи ташкили намоишгоҳ ошно сохтани сокинони ин шаҳр бо таъриху тамаддуни мардуми тоҷик аст. Дар он аз ҷуммла либосҳои миллӣ, асбобҳои мусиқӣ ва осори наққошиву ороишӣ ба намоиш гузошта шудааст.
XS
SM
MD
LG