Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сабаби моҷарои тоҷикону чеченҳо дар Уфа чӣ буд?


Вазорати корҳои дохилии Бошқирдистон хабар додааст, ки 18 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз қаламрави ин ҷумҳурии мухтори Русия ихроҷ хоҳанд шуд. Онҳо дар бозори Затони шаҳри Уфа бо чеченҳо задухуӯрд кардаанд. 13 нафар чеченҳо низ ба масъулияти ҷиноӣ кашонда шудаанд. Сабаби моҷаро ин будааст, ки як марди чечен ба ҷавони 17-солаи тоҷик дастур додааст, то қолинчаҳои зери пои дохили мошинашро шӯяд. Ҷавони тоҷик ин фармонро иҷро накардааст ва марди чечен ба пои писар аз туфанча тири резинӣ холӣ кардааст. Рӯзи дигар тоҷикҳо ва чеченҳо ҷамъ шудаанд ва ба ҷони ҳамдигар афтодаанд.
XS
SM
MD
LG