Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарнигорони покистонӣ акнун мусаллаҳ хоҳанд шуд


Саидсолим Шаҳзод

Саидсолим Шаҳзод

Ба хабарнигорони покистонӣ ҳаққи гирифтани силоҳ дода шуд. Ин тасмимро ба дунболи қатли Саидсолим Шаҳзод эълон карданд. Шаҳзоди 40-сола, ки дар бораи иртибототи байни низомиҳои Покистон ва шабакаи Ал-Қоида мақола менавишт, рӯзи якшанбе ғайб зад ва ҷасади пур аз нишонаҳои шиканҷааш дирӯз дар 150-километрии ҷанубушарқи Исломобод кашф шуд. Вазири дохилаи Покистон Раҳмон Малик гуфт, дастури ба хабарнигорон додани ҳаққи бо худ гирифтани силоҳи хурд тасвиб шудааст. Аммо Афзал Бут, раҳбари Иттиҳодияи хабарнигорони Покистон бо интиқод аз ин амр гуфт, ҳимояти хабарнигорон аз масъулиятҳои давлат аст. Қатли Саидсолим Шаҳзодро вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон низ маҳкум кардааст.
XS
SM
MD
LG