Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай имрӯз ба Итолиё рафт


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай имрӯз бо як сафари якрӯза ба Итолиё рафт. Қарор аст, Карзай бо сарвазири Итолиё Силвио Берлусконӣ масоили рушди равобитро баррасӣ кунад. Ин сафар ҳамагӣ як рӯз баъд аз интиқоди шадиди Карзай аз ҳалокати мардуми мулкӣ дар ҷараёни амалиётҳои НАТО-ст. Карзай ҳушдор дод, ки дар сурати идомаи чунин маворид нирӯҳои НАТО метавонанд ҳамчун “ишғолгар” талаққӣ шаванд.
XS
SM
MD
LG