Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Младич рӯзи ҷумъа ба додгоҳи Ҳейг эҳзор хоҳад шуд


Боздоштгоҳи додгоҳи Ҳейг
Боздоштгоҳи додгоҳи Ҳейг
Додгоҳи ҷиноёти ҷанги СММ дар Ҳейги Ҳолланд гуфт, фармондеҳи собиқи нирӯҳои серби Босния Ратко Младичи 69-сола рӯзи ҷумъа барои бори аввал ба ин додгоҳ эҳзор хоҳад шуд. Младич, ки баъди 16 соли фирор дар ҳафтаи гузашта боздошт шуд, дирӯз тавассути ҳавопаймои давлатии Сербистон ба Ҳейг мустарид шуд. Нерма Йелачич, сухангӯи додгоҳи Ҳейг гуфт: «Ин дар воқеъ як нуқтаи атф барои додгоҳ аст ва мо хеле хушем, ки ӯро ба даст овардем ва акнун метавонем, ба муҳокимааш идома диҳем.»
Додгоҳи Ҳейг Младичро ба ҷиноёти ҷанг, ҷиноёт алайҳи башарият ва наслкушӣ дар солҳои ҷанги Босния, аз ҷумла қатли 8000 марду навраси мусалмон дар Сребренитса дар соли 1995, айбдор мекунад.
XS
SM
MD
LG