Пайвандҳои дастрасӣ

Беларус гуфт, ба хотири муқобила ба буҳрони афзояндаи молӣ аз Сандуқи байналмилалии пул(СБП) дархости кумак кардааст. Аммо на Минск ва на ин ниҳоди молӣ ҳаҷми кумаки молиеро, ки Беларус мехоҳад, ҳанӯз эълон накардаанд. Иқтисоддонҳо мегӯянд, Беларус дар пайи боло рафтани молиёти маводи сӯхти Русия ва ҳам ба иллати боло бурдани масрафот дар пешорӯи интихоботи моҳи декабри раёсати ин ҷумҳурӣ ба буҳрони молӣ мувоҷеҳ шудааст. Минск маҷбур шуд қурби пули миллиашро беш аз 50 дарсад пойин барад. Маскав дар моҳи май дархости Беларус барои 1 миллиард доллар қарзи молиро радд кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG