Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳдидҳои эҳтимолӣ ба амнияти минтақа кадомҳоянд?


Мулоқоти раисиҷумҳури Белорус бо вазирони умури хориҷии кишварҳои узви созмони Паймони амняти дастҷамъӣ

Мулоқоти раисиҷумҳури Белорус бо вазирони умури хориҷии кишварҳои узви созмони Паймони амняти дастҷамъӣ

Дар Минск ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ баргузор шуд.

Ширкаткунандагон вазъи сиёсӣ ва таъсири он ба вазъи амниятӣ ва субот дар кишварҳои Шӯравии собиқро баррасӣ карданд.

Дар ин мулоқот аз Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров, муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ ширкат кард, дар ҳоле ки аз кишварҳои дигар аслан вазирон дар ин ҷаласа ҳузур доштанд.

Ширкаткунандагони ин ҷаласа ёдоварӣ карданд, ки ин созмон бояд механизми вокуниш ё бархӯрд ба ҳолатҳои бӯҳронӣ дар кишварҳои узвро дошта бошад.

"ИЛОҶИ ВОҚЕА ПЕШ АЗ ВУҚӮЪ"

Дар як гуфтугӯ бо Александр Голтс, таҳлилгари умури низомӣ роҷеъ ба кишварҳои Шӯравии собиқ аз ӯ пурсидем, аҳамияти ин ҷаласа барои кишварҳои узв чист? Оё рӯйдодҳое, ки дар ҷаҳони араб мегузарад, метавонад ба вазъ дар кишварҳои узви ОДКБ асар гузорад?

Голтс: Дар миёни масоили дигар, ин масъала низ калидӣ аст. Ин масъала барои кишварҳои Осиёи Марказӣ воқеият дорад. Ба вижа, соли 2014 хуруҷи нерӯҳои Амрико ва НАТО аз Афғонистон шурӯъ мешавад. Ин масъала яке аз заминаҳои эҷоди хатар дар қаламрави кишварҳои ОДКБ низ буда метавонад. Барои рӯи даст гирифтани тадбирҳо бояд аз ҳоло фикрашро кард.

ХАТАРҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

Суол: Ба назари шумо ба кишварҳои узви ин паймон хатари нооромӣ таҳдид мекунад ва хатарҳои эҳтимолӣ дар марҳалаи кунунӣ чист?

Голтс: Оқилона хоҳад буд, дар бораи он фикр кунанд, ки аз чӣ роҳе мешавад мушкилиҳои шадиди иҷтимоиро ҳал кард, мушкилиҳое, ки ҳоло дар аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ мавҷуд аст. Замина барои такрори рӯйдодҳои ҷаҳони араб ду сарчашма дорад. Яке ин ки раҳбарони ин кишварҳо чанд даҳсола дар сари қудрат қарор доранд. Чунин раванд дар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ мушоҳида мешавад. Сабаби дигар густариши фақр, ки дар марҳалае мардум намехоҳад бо чунин вазъ муросо кунад. Агар мо раҳбарони дурандешу зирак медоштем, онҳо бояд аз ҳоло роҷеъ ба ин масъала андеша мекарданд.

АФҒОНИСТОН -- САРЧАШМАИ НООРОМИҲО

Суол: Ба ҳар ҳол шумо такрори рӯйдодҳои ҷаҳони арабро дар кишварҳои шӯравии собиқ истисно намедонед ва ёдоварӣ кардед, ки то соли 2014 нируҳои эътилофи байналмиллалӣ аз Афғонистон хориҷ мешаванд ва кишварҳои узви созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ аз ҳоло бояд барои ҳифзи субот дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳоло омодагӣ дошта бошанд, зеро ин кишварҳо осебпазир хоҳанд буд. Шумо бо ин гуфтаҳо чиро дар назар доред?

Голтс: Баъид ба назар мерасад, ки масъалаи Афғонистонро то соли 2014 ҳал кунанд. Мо наметавонем истисно кунем, ки дар ин ё он шакл Толибон ба қудрат меоянд. Дар робита бо он, мо аз як сӯ дар кишварҳои ҳаммарзи Афғонистон, режимҳои заифи худкомаро зери назар мегирем, аз сӯи дигар густариши фақрро. Ин ду заминаи хеле мусоид барои ба истилоҳ инфиҷори иҷтимоист, ки сарчашмаи он метавонад заъфияту тундгароӣ бошад.

НАҚШИ КАМРАНГИ ОДКБ

Суол: Ҷаноби Голтс медонед, соли гузашта дар ҷануби Қирғизистон даргириҳои қавмии миёни қирғизҳо ва узбакҳо рух дод ва созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ барои пешгирӣ аз ин муноқиша иқдоме накард. Ин гувоҳи он нест, ки ин созмони низомӣ натавонист аз ҳастии худ дар чунин вазъият дарак диҳад?

Голтс: Ман бо шумо комилан розӣ ҳастам. ОДКБ як созмони аҷиб аст. Ин созмони дифоъ аз ҳама нест. Ин эътилофи дорои робитаҳои дуҷонибаи миёни Русия ва кишвари дигари мушаххас аст. Он гуна, ки мо медонем, миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ба узвияти ОДКБ даромадаанд масъала ин аст, ки чӣ тавр мо якдигарро аз хатари хориҷӣ ҳифз кунем. Ин масъалаи хеле душвор аст. Масалан, муносиботи миёни Узбакистону Қирғизистонро ба ёд оред. Барои ман ва тамоми ононе, ки машғули масъалаҳои низомӣ ҳастанд, рӯшан аст, ки бо назардошти ислоҳоти низомӣ, он вақт Русия ҷузъу томҳои омода надошт, то ки вазъро дар Қирғизистон то андозае ором кунад.

"НАТО ВА ОДКБ БОЯД ҲАМКОРӢ КУНАНД"

Суол: Дар ин рӯзҳо дар Тоҷикистон машқҳои муштараки воҳидҳои маҳдуди низомии Тоҷикистону Фаронса баргузор мегардад. Агар ин нуктаро дар назар бигирем, ки Фаронса узви НАТО аст ва ОДКБ тавсеаи НАТО ба сӯи шарқро намехоҳад, ин ба ҳадафҳои созмони паймони Амнияти дастаҷамъӣ мухолифат намекунад?

Голтс: Ба назари ман, бо назардошти хатари Толибон, Русия бояд то ҳадди аксар барои ҳамкорӣ бо нерӯҳои НАТО дар Осиёи Марказӣ талош кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG