Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маоши миёна дар Тоҷикистон аз 100 доллар гузашт


Маоши миёна дар Тоҷикистон барои нахустин бор аз марзи 100 доллар убур кард. Ожонси омор мегӯяд, маоши миёна дар Тоҷикистон дар моҳи март назар ба моҳи феврал 12 дарсад афзуда, ҳудуди 472 сомонӣ – муодили 103 доллар – шудааст.
Тоҷикистон аз нигоҳи маоши миёна дар байни кишварҳои шӯравии собиқ дар ҷои охир боқӣ мемонад. Ин нишондиҳанда дар Қазоқистон, барои мисол, 595 доллар, дар Узбакистон – 326 доллар ва дар Қирғизистон – 158 доллар будааст.
XS
SM
MD
LG