Пайвандҳои дастрасӣ

Клинтон: "Режими Сурия рӯз то рӯз нопойдортар мешавад."


Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон мегӯяд, ҳукумати Сурия то рафт нопойдортар мешавад. Вай аз режими президент Башор Асад даъват кард, ба зулм нисбати мардуми худ хотима гузорад ва гузариши ҳақиқӣ ба мардумсолориро оғоз ниҳад. Клинтон ба нақл аз хабарҳои шиканҷа ва қатли як писарбачаи 13-солаи сурёнӣ гуфт, ин воқеа нишон медиҳад, ки ҳама гуна талоши ҳамкорӣ бо ҳукумати Сурия комилан фурӯ мепошад ва бояд ба мардуми Сурия гӯш дод.

“Ман танҳо умедвор шуда метавонам, ки марги ин кӯдак беҳуда набошад ва ҳукумати Сурия бераҳмиро канор гузошта роҳи ҳақиқии мардумсолориро дар пеш бигирад.”

Хабаргузории Associated Press мегӯяд, ҳукумати Сурия ба даъвои мухолифон, ки нерӯҳои амниятии Сурия масъули шиканҷа ва қатли ин кӯдаканд, посух надод. Ниҳодҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, аз оғози эътирозҳо дар Сурия дар нимаҳои моҳи март то ҳоло дар ин кишвар зиёда аз 1000 нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG