Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пизишкони Додгоҳи СММ Младичро муоина мекунанд


Мақомот мегӯянд, гумонбаршудаи ҷиноятҳои ҳарбӣ, Ратко Младич пас аз интиқол ёфтанаш ба Ҳейг дар Нидерланд имшабро дар ҳуҷраи янафараи боздоштгоҳи додгоҳ саҳар кард. Дар додгоҳ ӯ бо иттиҳомоти наслкушӣ ва ҷиноятҳои ҳарбӣ дар ҷанги солҳои 1992-1995-и Боснӣ ва Ҳерзегувин рӯбарӯ мешавад. Ҳамчунин интизор меравад, Младичи 69-сола нахуст аз муоинаи пизишкон гузарад. Пештар додгоҳ дархости ӯро ба адами истирдод дар робита ба вазъи саломатӣ рад кард. Младич пас аз 16 соли пайгард ҳафтаи гузашта дар Сербия боздошт шуд.
XS
SM
MD
LG