Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи ҷасади журналисти покистонӣ дар канораи Исломобод


Дар ҷанубушарқии шаҳри Исломобод, пойтахти Покистон, ҷасади журналисти покистонӣ, Саид Салим Шаҳзод кашф шуд, ки асосан дар бораи равобити ҳарбиёни Покистон ва Ал-Қоида матолиб менавишт. Шаҳзод, ки ду рӯз пеш бенишон гашта буд, барои як хабаргузории итолиёӣ кор мекард, ки торнамои он дар Ҳонг Конг сабти ном шудааст. Вай рӯзи 29-уми май аз хона баромад, то дар як намоиши телевизионӣ ширкат кунад ва бо ҳамин барнагашт. Ҷасади ӯ дар мошинаш дар минтақаи Сарои Аламгир, 150-километрии Исломобод пайдо шуд. Вай пештар изҳори тарс мекард, ки хадамоти ҷосуси Покистон аз мақолаҳои ӯ норозист ва қасос хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG