Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳайрати сафири Амрико аз вокуниши Қирғизистон


Сафири Иёлоти Муттаҳида дар Қирғизистон гуфтааст, аз вокуниши Қирғизистон ба гузориши ҳайати пажӯҳиши хушунатҳои Уш ва Ҷалолобод ба ҳайрат омадааст. Изҳороти сафир дар ҳоле садо медиҳад, ки ба дунболи гузориши ҳайати пажӯҳишӣ порлумони Қирғизистон раиси ин ҳайат Киммо Килюненро “шахси номатлуби Қирғизистон” эълон ва ҳузури ӯро дар қаламрави кишвари худ манъ карданд. Вакилони порлумон ҳайатро айбдор карданд, ки дар гузориши худ узбактаборони Қирғизистонро қурбониёни бедифои ҷиноятҳои зиддибашарӣ унвон кардааст. Яке аз вакилон Килюненро ба гирифтани ришва аз узбактаборон муттаҳам намуд.
XS
SM
MD
LG