Пайвандҳои дастрасӣ

Покистон ба таҳқиқи мустақили қатли бин Лодин дастур дод


Сарвазири Покистон, Юсуф Ризо Гелонӣ, ба кумиссюни мустақил дастур дод, амалиёти нерӯҳои вижаи Иёлоти Муттаҳида дар қатли Усома бин Лодин дар Абаттободи ин кишварро пажӯҳиш кунад. Ҳайати панҷгона, ки ба он додгустар Ҷовид Иқбол сарварӣ мекунад, бояд рӯшан кунад, ки чаро бин Лодин ин ҳама муддат тавонистааст, дар дохили Покистон ба сар барад ва чӣ гуна нерӯҳои амрикоӣ бидуни иттилои мақомоти покистонӣ тавонистаанд, дар аввали моҳи май ин амалиётро анҷом диҳанд.
XS
SM
MD
LG