Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони афви умумии маҳбусони сиёсӣ дар Сурия


Раисиҷумҳури Сурия, Башор Асад пас аз ду моҳи эътирозҳои хунин дар кишвараш аъзои созмони Ихвон-ал-муслимин ва дигар маҳбусони сиёсиро афв кард. ИН дар ҳолест, ки фаъолияти Ихвон-ал-муслимин дар Сурия аз соли 1982 ба ин сӯ манъ аст. Онҳое ба ин қонуни афв рабт мегиранд, то 31-уми майи соли 2011 муҳокима ва муҷозот шудаанд. Дар ин байн мухолифони давлати Сурия дар Анталияи Туркия ҷамъ омаданд ва мегӯянд, афв кофӣ нест.
XS
SM
MD
LG