Пайвандҳои дастрасӣ

Вануату Абхазияро ба расмият шинохт


Вазири умури хориҷии Абхазия, Максим Гвинҷия мегӯяд, як кишвари кӯчаки ҷазираии Вануату дар ҷануби уқёнуси Ором Абхазияро ба расмият шинохтааст. Гвинҷия афзуд, ҳукуматаш аз ин эътироф сипосгузор буда, ба ҳамкории иқтисодӣ бо Вануату аҳамият қоил аст. То ҳол Абхазияро Русия, Никарагуа, Венесуэла ва ҷазираи Науру ба расмият шинохтаанд.
XS
SM
MD
LG