Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти гумонбари қатли Анна Политковская


Мақомоти Русия шахсеро боздошт карданд, ки қотили журналисти саршинос Анна Политковская шумурда мешавад. Ин шахс, Рустам Маҳмудов, рӯзи душанбе дар Чечнистон боздошт шуда, қарор аст, ба Маскав интиқол ёбад. Додситонии кулли Русия бар ин аст, ки маҳз Маҳмудов дар соли 2006 тарҳи қатли Политковскаяро ба иҷро расондааст. Аммо мақомоти Русия дар бораи фармоишгарони ин тарҳ ҳаргиз иттилое надодаанд ва ин сабаби танқиди онҳо дар робита ба парванда мебошад.
XS
SM
MD
LG