Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт: Телефони ҳамроҳ саратон меорад


Омосшиносони Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯянд, бино бар баъзе аз далелҳо истифодаи телефони ҳамроҳ мумкин аст, ба саратони мағзи сар сабаб гардад. Онҳо меафзоянд, биноан ширкатҳои тавлиди чунин телефонҳо бояд роҳҳои коҳиши чунин таҳдидро пажӯҳиш кунанд. Ин коршиносон пешниҳод кардаанд, ки истифодаи телефони ҳамроҳ аз ҷумлаи фаъолиятҳое шумурда шавад, ки эҳтимоли саратонро бештар мекунанд, монанди заҳри кимиёии ДДТ ё “доруи дуст”, дуди бензин ва нӯшидани қаҳва. 31 олим аз 14 кишвари ҷаҳон ҳамчун узви гурӯҳи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфтаанд, барои рӯшан кардани масъала пажӯҳишҳои бештар зарур аст.
XS
SM
MD
LG