Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Рӯзи байнулмилалии кӯдак, 1-уми июн, дар бисёре аз кишварҳо талош мекунанд, орзуҳои атфолро амалӣ намоянд.

Аммо орзуи як қисми кӯдакон дар Афғонистон ва Покистон мудҳиш ва марговаранд. Онҳо мехоҳанд, бомбаеро ба тани худ банданд ва дар ҷое, ки калонсолон мефармоянд, мунфаҷир кунанд.
Ба ман гуфтанд, шаҳид мешавӣ ва ба биҳишт меравӣ. Барои ҳамин ман ризоият додам...

Ин аст, ки чанде аз таркишҳои охир дар Афғонистон ва Покистон бо истифода аз кӯдаконе ба вуқӯъ пайвастааст, ки шояд худ намедонанд, чӣ коре анҷом медиҳанд.

РОҲЕ БА БИҲИШТ?

Дар ҳоле ки аксарият таркиши бомбаро ба марг пайванд медонанд, кӯдакони шаҳодатталаб бино бар заҳре, ки ба мағзи эшон рехта шудааст, онро роҳе ба биҳишт медонанд.

Ҳамин гуна кӯдаки 15-солае, ки мебоист худро дар вилояти Кундузи Афғонистон мунфаҷир мекард ва аммо боздошт шуд, мегӯяд, дар мадрасае дар Пешовари Покистон таҳсил кардааст ва ба ӯ гуфтаанд, бояд барои иҷрои як ҳамлаи худкушона дар фурудгоҳи Кундуз ба Афғонистон сафар кунад:

“Онҳо ба ман гуфтанд, шаҳид мешавӣ ва ба биҳишт меравӣ. Барои ҳамин ман ризоият додам. Ҳарчанд ин бор натавонистам, дафъаи дигар ҳатман ин корро хоҳам кард.”

Як маъмури амниятии Кундуз ба Радиои Озодӣ гуфт, ин наврас якҷо бо шарикаш, Муҳаммад Фарид ва роҳбалади онҳо, замоне боздошт шуд, ки мебоист, барояш маводи мунфаҷира дода мешуд.

БОМБАГУЗОРИ НӮҲСОЛА

Ҳамлаҳои интиҳорӣ дар ҳафтаҳои охир дар ин минтақа рӯ ба афзоиш доранд. Аз ҷумла дар Афғонистон як кӯдаки 9-сола қарор буд, чунин таркишро анҷом диҳад. Таркиши дигари хунин дар Покистон аз тарафи писарбачаи 12-сола ба вуқӯъ пайваст.


Мақомоти Афғонистон дафъатан дар чунин ҳаводис Толибонро айбдор мекунанд. Аввали моҳи май сухангӯи Хадамоти амнияти Афғонистон, Латифуллоҳ Машъал, Толибонро муттаҳам кард, ки кӯдаконро ба анҷоми таркишҳои худкушона дар Афғонистон ҷалб мекунанд.

Рӯзномаи шотландии "Daily Record" саргузашти писарбачаи 9-сола Ғулом Форуқро ҳикоят мекунад, ки ба анҷом додани инфиҷори худкушона дар сафарбар шудааст. Форуқ гуфтааст, ки бомбаро барояш дар Масҷиди Сафеди Хайробод, дар наздикии Пешовар додаанд.

БОЗИҲОИ ҲАРБИИ КӮДАКОНА

Як навори видео ахиран дар шабакаи интернет паҳн гашт, ки кӯдаконро ҳангоми иҷрои таркиши маргталабонаи дурӯғин нишон медиҳад.

Асли баромади видеое бо номи “бомбабозӣ” маълум нест, вале аз сарулибоси афтол мешавад, ҳадс зад, ки он дар Афғонистон ё Покистон наворгирӣ шудааст. Яке аз кӯдакон либоси сиёҳ дорад ва вақте ҳаракатҳои худро анҷом медиҳад, кӯдакони дигар, ки ӯро дар ҳалқа гирифтаанд, хоку чангро ба атроф мепарокананд ва бо ин манзараи таркишро ба вуҷуд меоранд.

Арқоми дақиқе овардан мушкил аст, аммо ҳоло зиёда аз 25 кӯдаки зери синни 18 бо иттиҳоми омодагӣ ба таркиши интиҳорӣ дар маҳбасҳои Афғонистон ба сар мебаранд. Созмонҳои нозир аз ҷалб шудани 23 кӯдак ба амалиёти интиҳорӣ дар Афғонистон хабар медиҳанд. Аммо гуфта мешавад, арқоми воқеӣ ба маротиб бештар аст.

МАДРАСАҲОИ ТЕРРОРИЗМ?

Чӣ чизе кӯдакону наврасонро водор мекунад, ки бо ин роҳ худро бикушанд ва дигаронро низ ба ҳалокат расонанд. Сабабҳо чандон рӯшан нестанд.

Дар гузориши Созмони Милали Муттаҳид, ки рӯзи 11-уми май мунташир шуд, Толибон масъули ҷалби кӯдакон ба бомбагузориҳои худкушона шумурда шудаанд. Дар ин гузориш аз таҷрибаи як кӯдаки 15-сола ёд мешавад, ки дар 13-солагӣ ба асорати
Онҳое ки ба ин роҳ мераванд, аслан аз таълимоти исломӣ дуранд. Таҳсилнодидаанд. Мо зидди чунин корҳоем, ки ба шаъни ислом ва муслмонон иснод меоранд...

толибҳо афтода дар Покистон ба сар бурдааст ва ба гурӯҳи махсуси онҳо ҳамроҳ гаштааст. Вай дар ҷараёни як даргирӣ фирор карда, ба Кобул баргашт ва аз тарафи хадамоти амният боздошт шуда, ҳоло дар зиндон ба сар мебарад.

Афзоиши теъдоди бомбагузорони наврас мақомоти Афғонистонро водор кардааст, ки аз нақши мадрасаҳо дар саросари Афғонистон ва Покистон изҳори нигаронӣ кунанд. Мадрасаҳо дар манотиқи марзӣ ва урдугоҳҳои паноҳандагон зери заррабин афтодаанд.

Чанде пеш дар Тоҷикистон низ як филми мустанад ба намоиш даромад, ки дар он таълими тундравӣ ва оштинопазирӣ дар чунин мадрасаҳо нишон дода мешуд. Аммо ин филм замоне ба намоиш даромад, ки ҳукумати Тоҷикистон кайҳо ба бозхонди ҷавонони тоҷик аз чунин муассисаҳо дар кишварҳои мусулмон сар карда буд ва филм як навъ тавҷеҳи ин сиёсат ба назар расид.

КАДОМ МАДРАСАҲО?

Дар асл тафкики мадрасаҳо чандон осон нест. Бархе аз онҳо дар матни таълими динӣ маърифати қавии башаргароёнаро ба кӯдакон пешниҳод мекунанд. Бархи дигар чизе бештар аз мунодиёни таблиғи исломи пайкорҷӯ нестанд.


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, аксари шогирдони мадрасаҳои Покистон таълими тундравона гирифтаанд ва “ҷиҳод”-ро ба шеваи хушунатомез тафсир мекунанд.

Матбуот низ борҳо кӯдаконеро қаламдод кардааст, ки танҳо орзуи ҷиҳоди саросарӣ доранд ва ба ҷуз аз он чизеро намепазиранд. Аммо Абдулғанӣ Ҳидоят, намояндаи ҳукумати Афғонистон дар умури омӯзишу парвариши афғонҳо дар Покистон ин хабарҳоро рад мекунад:

"Комилан дурӯғ аст. Ба онҳо дар макотиби Покистон дарси ҷиҳод дода намешавад. Ин макотиб таҳти назорати шадиданд. Чунин мавридҳо ҳаргиз ифшо нашудааст, зеро аслан вуҷуд надорад.”

Мақомоти расмии Покистон низ чунин иддаоро рад мекунанд ва ҳангоми сӯҳбат дар ин бора аз корбурди истилоҳи “мадраса даст кашида, аз “мактаб” истифода мекунанд.

СУХАН БА УСТОДИ МАДРАСА

Устоди мадраса дар минтақаи Дири Покистон, Мулло Раҳимдод мегӯяд: "Рӯҳониён мухолифи бомбагузориҳои интиҳориянд. Онҳое ки ба ин роҳ мераванд, аслан аз таълимоти исломӣ дуранд. Таҳсилнодидаанд. Мо зидди чунин корҳоем, ки ба шаъни ислом ва муслмонон иснод меоранд."

Бовари омро, ки бомбгузорони худкушро исломи тундгаро ҷӯшиш додаву ба саҳна меорад, пажӯҳишҳои илмии охир низ рад мекунанд. Равоншиноси Донишгоҳи Тел-Авив ва муаллифи китоби “Рӯ ба марг: Ҷанбаъҳои равонӣ ва иҷтимоии терроризми худкушона” (соли 2010), Ариел Мерарӣ бар ин аст, ки аксари бомбгузорон афроди рӯҳан беморе ҳастанд, ки шабеҳ ба худкушони дигар тасмим мегиранд.

Коршиноси дигар, донишманди умури сиёсӣ дар Иёлоти Муттаҳида, Роберт Пайп ин назарияро ба миён гузоштааст, ки ҷомеаи кишварҳои зери ишғоли хориҷӣ омилҳои чунин ҳамлаҳоро ба вуҷуд меорад.

Муҳаммад Фариди 14-сола, ки лаҳзаҳое пеш аз таркиш аз тарафи полис кашф ва боздошт шудааст, мегӯяд, дини ӯ ба ин ҳамла пайванде надорад.

ФАҚР ВА НОЧОРӢ

Бисёре аз кӯдакон чораи дигар надоранд. Дар гузориши Созмони Милал, ки моҳи май нашр шуд, гуфта мешавад, бисёре аз кӯдакон ҳатто намедонанд, ки ба бадани онҳо маводи мунфаҷира баста мешавад. Дар маҳбас якҷо бо ҷинояткорони калонсол нигоҳ доштани онҳо сабаби ба чунин тарҳҳо баргаштани наврасон мешавад.

Дар як назарсанҷие, ки Донишгоҳи Файсалободи Покистон дар байни 10 ҳазор сокини манотиқи марзӣ анҷом додааст, аксарият, 79 дарсад гуфтаанд, вазъи бади зиндагӣ сабаби ҷалби наврасон ба терроризм мешавад.

Дигарон ин равандро ба бераҳмии волидайн ва калонсолон бастагӣ додаанд ва наздик ба ними пурсидашудагон гуфтаанд, сабқатҷӯии наврасон дар баробари шариконашон сабаби ҷалби атфол ба аъмоли хунин мегардад.

Шояд сабабҳои гуногун бошад, вале падида даъват ба арҷгузории ҳастии кӯдакону наврасон аст, ки дар ҷомеаҳои суннатӣ асосан нодида гирифта мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG