Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ратко Младич ба Додгоҳи СММ истирдод шуд


Ратко Младич, зоҳиран дар ин боздоштгоҳ хоҳад буд.
Ратко Младич, зоҳиран дар ин боздоштгоҳ хоҳад буд.
Снезана Малович, вазири адлияи Сербистон эълом кард, ки Ратко Младич, як фармондеҳи собиқи муттаҳам ба ҷиноятҳои ҷангӣ ба Додгоҳи Созмони Милал дар шаҳри Гаага истирдод шудааст. Ӯ афзуд: "Ратко Младичро ҳамин нимрӯзӣ ба Додгоҳи Ҷиноятҳои Ҷангии дар Гаага истирдод карданд. Бар асоси Қонуни Асосӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Серб, ба унвони вазири адлияи ҷумҳурӣ ман қарори супурдани Ратко Младичро имзо кардам." Пештар аз ин додгоҳи Сербистон, дархости таҷдиди назар ба амри истирдоди ӯро рад кард. Ратко Младич, фармондеҳи собиқи нерӯҳои сербро ба тарҳрезии қатли 8 ҳазор наврас ва мардони мусулмон дар солҳои аввали суқути Югославияи собиқ муттаҳам мекунанд. Ӯро пас аз 16 соли ҷустӯҷу ҳафтаи гузашта дар як хонае дар шимоли шаҳри Белград боздошт карданд.
XS
SM
MD
LG