Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико, вокуниши Қирғизистонро "шигифтовар" хонд


Памела Спратлен, сафири нави Амрико дар Қирғизистон, вокуниши давлати Қирғизистон ба натиҷаҳои пажӯҳиши байналмилалии низоъҳои қавмии соли гузаштаро “шигифтовар” хонд. Ҳафтаи гузашта порлумони Қирғизистон Киммо Килюнен, раиси кумиссиёни пажӯҳиширо “фарди номатлуб” барои ин кишвар эълом кард, зеро ба гуфтаи вакилони қирғиз гузориши ӯ доир ба низоъҳои қавмӣ яктарафа будааст. Памела Спратлен гуфт, “вокуниш ба ҷаноби Килюнен шигифтовар аст.” Дар низоъҳои миёни қирғизу ӯзбакҳо дар моҳи июни соли гузашта тақрибан 470 нафар кушта шуданд. Ба гуфтаи кумиссиёни байналмилалӣ дар ин низоъҳо ӯзбакҳо бештар ранҷ кашидаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG