Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ализода мегӯяд, Тоҷикистон маҳбуси сиёсӣ надорад


Зариф Ализода: "Дар кодекси ҷиноятии ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми ҷиноятҳои сиёсӣ мавҷуд нест."
Зариф Ализода: "Дар кодекси ҷиноятии ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми ҷиноятҳои сиёсӣ мавҷуд нест."
Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯяд, дар зиндонҳои кишвар маҳбусони сиёсӣ нестанд. Ҷаноби Ализода дар мусоҳибаи онлайн дар торнамои Радиои Озодӣ дар посух ба як суол дар ин мавзӯъ, гуфт, "Дар кодекси ҷиноятии Тоҷикистон мафҳуми ҷиноятҳои сиёсӣ мавҷуд нест ва шахсоне, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, кирдорҳои ҷиноятӣ содир кардаанд." Аз ин рӯ, ба гуфтаи Зариф Ализода наметавон гуфт, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон маҳбусони сиёсӣ ҳастанд. Зариф Ализода ба тақрибан 100 суоли корбарони торнамо посух дод.
XS
SM
MD
LG