Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эҳзори сафири Эрон ба вазорати умури хориҷии Олмон


Гуидо Вестервелле, вазири умури хориҷаи Олмон, бо эҳзори сафири Эрон дар Берлинро, аз ӯ хостааст, қазияи ҳавопаймои Ангела Меркел, садри аъзами кишварашро шарҳ диҳад. Ҳавопаймои Ангела Меркел ки озими Ҳинд будааст, баъди маҳрум шудани ҳаққи парвоз аз қаламрави ҳавоии Эрон ду соат дар фазои Туркия парвоз кардааст. Стифен Сейберт, сухангӯи Ангела Меркел гуфт, онҳо ҳеҷ гоҳ чунин таҷрибаеро аз сар нагузаронидаанд. Хабарнигори “Ройтерс”, ки дар ин сафар Ангела Меркелро ҳамроҳӣ мекард, гуфтааст, Эрон чунин ҳақро қаблан дода будааст, вале бо вуруди ҳавопаймои садри аъзами Олмон ба ҳарими ҳавоиаш аз он даст кашидааст. Баъди музокирот бо ширкати мақомоти Туркияву Олмон, Эрон ба ҳавопаймои Ангела Меркел иҷоза додааст, парвоз ба Деҳлии Нав пойтахти Ҳиндро идома диҳад.
XS
SM
MD
LG