Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳ дархости Ратко Младичро рад кард


Ратко Младичро баъди 16 сол дар наздикии шаҳри Белград боздошт карданд.

Ратко Младичро баъди 16 сол дар наздикии шаҳри Белград боздошт карданд.

Додгоҳи Сербистон имрӯз дархости истирдод накардани Ратко Младич, як фармондеҳи собиқи муттаҳам ба ҷиноятҳои ҷангӣ ба Додгоҳи Созмони Милалро рад кард. Бруно Векарич, муовини додситони ҷиноятҳои ҷангии Сербистон, гуфт, Ратко Младич, “дар зудтарин фурсат ба Гаага” истирдод хоҳад шуд. Ратко Младичро ба тарҳрезии қатли 8 ҳазор наврас ва мардони мусулмон дар солҳои аввали суқути Югославияи собиқ муттаҳам мекунанд. Ӯро пас аз 16 соли ҷустӯҷу ҳафтаи гузашта дар як хонае дар шимоли шаҳри Белград боздошт карданд. Субҳи имрӯз Ратко Младичро дар иҳотаи маъмурони пулис барои зиёрати гӯри духтараш дар шаҳри Белград бурданд, ки соли 1994 худкушӣ кард.
XS
SM
MD
LG