Пайвандҳои дастрасӣ

Тирандозӣ дар марзи Қирғизистону Ӯзбакистон таҳқиқ мешавад


Як кумиссиёни ҷамъиятӣ ба пажӯҳиши қазияи тирандозии маргбор дар марзи Қирғизистону Ӯзбакистон шурӯъ кардааст. Фозилҷон Ҷалолов, як шаҳрванди ӯзбактабори Қирғизистонро рӯзи 28 май посбонони марзи Ӯзбакистон куштанд. Турсунбек Охун, ваколатдори ҳуқуқи инсон ва мутассаддии гурӯҳи пажӯҳишӣ ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, бо ирсоли номае ба раиси ҷумҳур, порлумон ва нахуствазир хостааст, қазияи мазкурро дар сатҳи давлатӣ баррасӣ кунанд. Марзбонони Ӯзбакистон мегӯянд, Фозилҷон Ҷалолов хостааст, ғайриқонунӣ ба қаламрави Ӯзбакистон ворид шуда ва як асп бидуздад, аз ин рӯ марзбонон ба сӯи ӯ тир андохтанд.
XS
SM
MD
LG